Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вузарои Данияву Швейтсария ба Душанбе меоянд


Вузарои умури хориҷии Данияву Швейтсария дар ҳафтаи оянда аз Тоҷикистон дидан хоҳанд кард. Раҳбари идораи сиёсати хориҷии Дания Пер Стиг Меллер рӯзҳои 5 ва 6 октябр ва ҳамтои швейтсарии ӯ рӯзҳои 7 ва 8 октябр дар Душанбе хоҳанд шуд. Қарор аст, дипломатҳои аврупоӣ бо ҳамтои тоҷики худ Ҳамрохон Зарифӣ ва бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба ва роҳҳои рушди ин ҳамкориҳоро баррасӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG