Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Филиппин қурбониёни селоб ба 240 нафар расид


Бино ба маълумоти таъйидшуда, шумораи қурбониёни селобҳо дар саросари Филиппин ба 240 нафар расидааст. Ҳукумати ин кишвар гуфтааст, об хонаҳои тақрибан 1 миллиону 900 ҳазор одам дар Манил-пойтахти кишвар ва атрофи онро зер кардааст. Тақрибан 380 000 нафар ба сарпаноҳи фаврӣ ниёз доранд. Ҳукумат барои рафъи оқибатҳои ин офат аз кишварҳои хориҷӣ дархости кӯмак кардааст. Рӯзи шанбе дар давоми 12 соат меъёри якмоҳаи борон боридааст, ки дар 40 соли ахир дар ин кишвар назир надоштааст.
XS
SM
MD
LG