Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эрони саркаш мушакҳои дурбурдро озмоиш дод


Кишварҳои Ғарбӣ ва Русия аз озмоиши мушакҳои Эрон изҳори нигаронӣ кардаанд. Эрон мушакҳоеро мавриди озмоиш қарор додааст, ки ба гуфтаи як фармондеҳ, метавонад ҳар нуқтаеро дар минтақа ба нишон гирад. Бино ба гузоришҳо, Сипоҳи посдорони инқилоб мушакҳои Шаҳоб-3 ва Саҷҷилро озмоиш кардааст, ки бурдашон то ба 2 000 километр мерасад. Ин мушакҳо метавонанд Исроил ва пойгоҳҳои Амрикоро дар Халиҷи Форс ҳадаф қарор диҳанд. Кохи Сафеди Амрико ин озмоишҳои Эронро амали "таҳрикомез" хонд. Вазорати умури хориҷаи Фаронса аз Эрон тақозо кард, ки билофосила чунин амали "барҳамзанадаи суботро" боз дорад. Хавиер Солана-масъули сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо низ изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, Эрон бояд ба зудӣ масъалаи муассисаи махфии ғанисозии уранро ҳал кунад. Ин дар ҳолест, ки қарор аст 1-ӯми октябр Эрон бо шаш кишвари абарқудрати ҷаҳон роҷеъ ба барномаҳои ҳастаиаш ба музокира биншинад.
XS
SM
MD
LG