Пайвандҳои дастрасӣ

Маъракаи эмкунии кӯдакон дар Тоҷикистон оғоз шуд


28-ӯми сентябр дар Тоҷикистон маъракаи эмкунии кӯдакони аз 12 моҳа то 14-сола шурӯъ шуд. Қарор аст ин маърака 2,5 миллион кӯдакро дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон фаро бигирад. Дар ин бора ИРИН- хабаргузории масоили башарии СММ иттилоъ додааст. ЮНИСЕФ ва Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯянд, кормандони беҳдошт маъракаи эмкуниро дар кӯдакистонҳову мактабҳо ва дар марказҳои беҳдоштӣ анҷом медиҳанд. Гузашта аз ин гурӯҳҳои мазкур ба манотиқи дурафтодаи Тоҷикистон мераванд ва эмкунии кӯдаконро дар деҳот низ анҷом медиҳанд.
XS
SM
MD
LG