Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон тирандозӣ дар марзи Қирғизистонро рад кард


Тоҷикистон хабари тирандозӣ дар марз бо Қирғизистонро рад кардааст. Дар ин бора хабаргузории РИА Новости бо такя ба раёсати нируҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар додааст. Субҳи рӯзи душанбе хабаргузории "24.кг" иттилоъ дод, ки Қирғизистон баъд аз ҳамла ба посгоҳи марзии Сурх назорат бар марзи миёни Қирғизистону Тоҷикистонро дар вилояти Ботканд тақвият додааст. Чолпонбек Турусбеков-муовини раиси хадамоти марзбонии Қирғизистон ба хабаргузории "24.кг" хабари тирандозиро рад кардааст, вале таъйид кардааст, ки барои боздошти як гурӯҳ, ки бо мошин ҳаракат мекардаанд аз аслиҳа истифода кардаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, гурӯҳи мазкур ба пулис итоат накардааст ва пулис бар зидди онҳо оташ кушодааст.
XS
SM
MD
LG