Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомиёни ҳуқуқ аз нақши Қазоқистон дар САҲА нигаронанд


Созмонҳои ҳуқуқи башар изҳори нигаронӣ кардаанд, ки Қазоқистон дар соли 2010 раёсати давраии САҲА-ро бар дӯш хоҳад гирифт. Вячеслав Арбатов-раиси маркази шабакаҳои байналмиллалии матбуот дар Алмаато ба хабарнигорон дар Варшава гуфтааст, "Қазоқистон барои раёсат ба САҲА омода нест, зеро Қазоқистон бадтарин раёсат дар тарихи САҲА хоҳад буд". Арбатов изҳори нигаронӣ кардааст, ки дар Қазоқистон шумораи зиёди парвандаҳои марбут ба одамрубоӣ, куштори рӯзноманигорон ва кормандони ҳуқуқи башар то ҳол бидуни ҳал боқӣ мондаанд.
XS
SM
MD
LG