Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поланский намехоҳад таслими додгоҳ шавад


Роман Поланский-коргардони синамо талош хоҳад кард, бар зидди истирдоди худ ба додгоҳи аёлати Калифорнияи Амрико мубориза кунад. Ҳоло Амрико талош дорад Шветсария вайро ба додгоҳи Калифорния диҳад. Поланский барои амали ҷинсӣ бо як духтари 13-сола дар соли 1977 муттаҳам дониста мешавад. Вакили мудофеъи Поланский гуфтааст, ҳайати мудофеон саъй хоҳанд кард, нишон диҳанд, ки тақозои Амрико ғайриқонунист ва бояд коргадони 76-сола раҳо шавад. Вай аз рӯзи шанбе ба ин сӯ, аз змоне, ки барои ширкат дар ҷашнвораи тақдими ҷоизаҳо ба Зюрих ворид шуд, дар зиндоне дар ин шаҳр ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG