Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико хостори беҳбуди равобити Арманистону Туркия


Хонум Ҳилларӣ Клинтон-вазири умури хриҷаи Амрико аз Арманистону Туркия тақозо кардааст, ки нақшаҳои беҳбуди муносиботи худро ҳар чӣ зудтар ба иҷро дароранд. Ин суханони хонум Клинтон дар СММ рӯзи душанбе дар ҳоле садо дод, ки номаълумӣ дар муносиботи ин ду кишвар мушоҳида мешавад ва рӯшан нест, ки оё онҳо то нимаи моҳи октябр тибқи нақшаи пешбинишуда санадеро дар бораи барқарории муносиботи дипломатӣ ва дубора боз кардани марзҳо бар рӯи якдигар имзо хоҳанд кард ё хайр. Имзои чунин санад бар душмании тақрибан як қарни миёни ин ду кишвар хотима мегузорад. Аз солҳои ҷанги аввали ҷаҳонӣ аз замони қатли оми арманиҳо ба дасти туркҳои усмонӣ то ҳол ин душманӣ идома дорад. Туркия қатли оми арманиҳоро рад мекунад ва мегӯяд, дар он солҳо аз ҳар ду ҷониб одамони зиёд ба қатл расидаанд.
XS
SM
MD
LG