Пайвандҳои дастрасӣ

Тақозои Юшенко аз Русия


Раисиҷумҳури Украина Виктор Юшенко аз Русия тақозо кард, гумонбарони аслӣ дар заҳролуд кардани ӯ дар соли 2004-ро таслим кунад. Юшенко дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии “1+” гуфт, бозпурсии се нафаре, ки 5 сол пеш ҳамроҳ бо ӯ шом мехӯрданд, дар амри такмили таҳқиқи ин парванда фавқулодда муҳим аст. Мақомоти додситонии Украина соли гузашта гуфта буданд, ки онҳо дар амри ташхиси ҳуввияти гумонбари ин амал ноком шудаанд. Юшенко дар айни маъракаи интихоботиаш заҳролуд шуда буд.
XS
SM
MD
LG