Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи ноамниҳо дар Қафқози Шимолӣ


Ҷасади ситезаҷӯён дар амалиёти ахир дар Доғистон, 28-уми июни соли 2009.

Ҷасади ситезаҷӯён дар амалиёти ахир дар Доғистон, 28-уми июни соли 2009.

Якбора ду ҳодисаи нави ҳамлаву куштори мақомдорони доғистонӣ таваҷҷӯҳро ба афзоиши хушунат дар Қафқози Шимолӣ ҷалб кард.

Ҳодисаи кушта шудани якбора ду мақоми баландпояи доғистонӣ - раиси ҳукумати ноҳияи Ҳасавюрт Олимсултон Алҳомидов дар Маскав ва раиси идораи полиси криминалии Вазорати умури дохилӣ Олимсултон Отуев дар ноҳияи Қизилюрт бисёриҳоро такон дод.
Дар асл минтақаи Қафқози Шимолӣ тадриҷан аз ҳайати Русия ҷудо мешавад ва афзоиши торафти хушунатҳо ҳам ин ҷудошавиро ҳар чи бештар шакл медиҳад ...

Дар чанд моҳи охир дар Қафқози Шимолӣ беш аз 20 ҳодисаи ҳамсони куштору террори мақомоти баландпояву чеҳраҳои саршинос ба мушоҳида расидааст.

Тобистони имсол сокинони Ингушистон шоҳиди куштори ваҳшиёнаи муовини раиси додгоҳи олӣ, вазири нави сохтмони ин ҷумҳурӣ ва ниҳоят, кӯшиши қатли раиси ҷумҳурӣ Юнусбек Евкуров шуданд, ки баъди муддати муолиҷаву муроқибати наздики президенти Русия дубора ба иҷрои вазифаҳояш баргашт.

Дар Чеченистони ҳамсоя тобистони имсол якбора се фаъоли ҳуқуқи башар, аз ҷумла Наталя Эстемирова, як фаъоли “Мемориал” аз тири гурӯҳҳои ношинос кушта шуданд. Дар Доғистон моҳи июн бар асари як ҳамла вазири умури дохилӣ Одилгерей Муҳаммадтоҳиров ҷон дод. Вазъ дар ҷумҳурӣ чанд моҳи охир пуртаниш арзёбӣ мешавад.

Аз нигоҳи таҳлилгарон, кушторҳои ахири мақомоти баландпояи Доғистон ҳосили ҳамон сиёсати иштибоҳии муқобила бо шӯришиёну гурӯҳҳои тундрав аст, ки минтақаро сарозер кардаанд, вале роҳи дурусти ислоҳи вазъро гӯё касе пешниҳод карда наметавонад.

Григорий Шведов, сардабири сомонаи интернетии “Кавказский узел” мегӯяд, таҳаввулоти пурхуну пурхушунати ахир далели дигари ин аст, ки минтақаи Қафқози Шимолӣ ҳар чи бештар аз зери назорати марказ дур мешавад: “Ин маънои онро дорад, ки маркази федеролӣ назорати вазъро дар минтақа аз даст дода ва мақомоти минтақаӣ наметавонанд ба таври дуруст ба вазъи баамаломада таъсир гузоранд. Дар асл минтақаи Қафқози Шимолӣ тадриҷан аз ҳайати Русия ҷудо мешавад ва афзоиши торафти хушунатҳо ҳам ин ҷудошавиро ҳар чи бештар шакл медиҳад”.

Оқои Шведов афзуд мусаллам аст, ки Маскав дар андешаи тағйир додани вазъ аст ва ба эҳтимоли ғолиб ин тағйирот бо дигар кардани мақомоти раҳбарикунандаи маҳаллӣ маҳдуд мешавад. Ба қавли вай, рӯйдодҳои ахири Қафқоз бозгӯи он аст, ки минтақа дар ҳолати ҳамсон бо як ҷанги шаҳрвандӣ қарор дорад ва оқибатҳои он ногувор буда метавонад.

Аз назари дигар ҳолдонон, мушкили аслии минтақа дар вазъи ногувори иҷтимоӣ аст. Бекориву бесаводӣ, набуди имкони дар амал татбиқ кардани барномаву орзуҳои ҳаётии аксар ҷавонон, фишор болои мусалмонони оддӣ бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои ваҳҳобиву салафӣ боиси аксуламалҳои шадиду муқовиматҳои мусаллаҳона мешавад.

Ҳасин Радуев, хабарнигори чечен дар радиои Озодӣ ҳамарӯза масоили марбут ба минтақаро пайгирӣ мекунад. Вай мегӯяд, масъулияти аксари кулли кушторҳои мақомоту кормандони сохторҳои қудратӣ ба дӯши гурӯҳҳои мусаллаҳи мазҳабӣ аст, ки ба таври пинҳонӣ дар ҳама ҷумҳуриҳои минтақа амал мекунанду миёни ҳам дар як шабакаи ҷамоати “Шариат” таҳти раҳбарии Доку Умаров, ба иддаои ӯ “амири Қафқоз”, муттаҳид шудаанд.

Вай мегӯяд, ҳоло шӯришиён ҳадафҳои муборизаи худро каме тағйир дода аз нирӯҳои федеролии русӣ ба куштору террори кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти маҳаллӣ гузаштаанд.

Ҳасин Радуев гуфт: “Ин як муборизаи мусаллаҳонаи доимӣ аст, ки ҳеҷ як ҷонибро дастболо нахоҳад кард. Бахусус бо он шеваи муборизае, ки мақомот пеш гирифтаанд. Ин ҷо бояд як барномаи мукаммал амал кунад, ки ҳама паҳлӯҳои масъаларо ҳам аз лиҳози иҷтимоӣ ва ҳам сиёсӣ пӯшиш диҳад. Аз ҷумла бояд масъалаи оштӣ дорондани намояндаҳои ҳама гурӯҳҳову равияҳои мазҳабиро дар Ислом бояд мадди назар бигирад.”

Бархе таҳлилгарон мегӯянд, ки фоҷеаи Қафқози Шимолӣ дар он аст, ки бо вуҷуди дар як ҳолати пуртанишу хушунатомез қарор доштани минтақа, ҷомеаи ҷаҳонӣ тадриҷан ин нуқтаи доғи харитаи сиёсии ҷаҳонро фаромӯш мекунад.

Дигар изҳороти пуршӯру хашини мақомоти ғарбу Аврупо бо даъват ба риояи ҳуқуқи инсону ҷилавгирӣ аз таъқибу шиканҷаи мусалмонони оддиро дар минтақа хеле кам шунидан мумкин аст.

Ҳасин Радуев мегӯяд, дар ҳоле, ки Маскав мехоҳад ба ҷаҳониён нишон диҳад, ки Чеченистон тадриҷан ба ҳолати оддӣ бармегардаду хушунатҳои дигар манотиқ як падидаи мувақаттӣ аст, Ғарбу Аврупо аз матраҳкунии ин масъала дигар хаста шудаанд. “Дар ҷаҳон нуқтаҳои аз ин ҳам доғтари дигар зиёд аст, ки таваҷҷӯҳи вижаро мехоҳад”, гуфт ӯ ва Қафқози Шимолӣ дигар гӯё ба ҳоли худ мемонад.
XS
SM
MD
LG