Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронӣ аз ҳузури тоҷирони чинӣ дар бозорҳо


Дар ин авохир нигаронии тоҷирони маҳаллӣ аз ҳузури афзояндаи тоҷирони хориҷӣ, ба вижа тоҷирони чинӣ, зиёд ба мушоҳида мерасад.

Дар зимн гурӯҳе аз тоҷирони бозорҳои шаҳри Душанбе бо ирсоли номае ба унвони Анҷумани занҳои тоҷири Тоҷикистон ва раисиҷумҳури Тоҷикистон хостори ҳимоят аз манофеи тоҷирони дохилӣ шудаанд.

Мақомоти марбутаи Тоҷикистон бо манзури ин нигаронии тоҷирон мегӯянд, тоҷирони чиние, ки дар бозорҳои Тоҷикистон тиҷорат мекунанд, воқеан иҷозаи кор дар Тоҷикистонро доранд.

Аммо тоҷирон аз мавридҳои фаъолияти ғайриқонунӣ ва будубоши шаҳрвандони Чин дар Тоҷикистон ёд меоранд.

Гузориши видеоии радиои Озодӣ аз бозори «Корвон»-и Душанбе дар ҳамин мавзӯъ аст.

China
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:59 0:00


PS: Хабарнигорони радиои Озодӣ дар робита ба афзоиши шумори тоҷирони чинӣ дар бозори "Корвон"-и Душанбе талош доштанд бо раиси ин бозор сӯҳбат кунанд. Аммо пас аз ду соати интизорӣ раиси бозор бо лаҳни хеле дурушт дар ин мавзӯъ сӯҳбат бо радиои Озодиро рад кард.

Баргардони ин филм ба забони англисӣ:

Chinese move into Tajik market
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:59 0:00
XS
SM
MD
LG