Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қоидаҳои нави либоспӯшӣ барои омӯзгорони тоҷик


Вазорати маорифи Тоҷикистон аз 1 октябр қоидаҳои нави пӯшидани либос барои омӯзгоронро ҷорӣ мекунад. Тибқи тавсияи ин вазорат, омӯзгорони болиғ аз синни 50 метавонанд то 3 сантиметр риш гузоранд ва тоқиву калӯш бипӯшанд.
Барои боқӣ устодони макотиб пӯшидани туфлии аврупоӣ ҳатмист. Барои устодон ҳамин тавр 20 навъ либос тавсия дода шудааст, вале истифода аз зару зевар ва пӯшидани домани кӯтоҳ, либоси ҷинс, либоси тангу ҳарир, футболка ё пироҳани варзиширо манъ кардаанд.
Қаблан дар макотиби Тоҷикистон бо мошин ба дарс омадан, истифода аз телефонҳои ҳамроҳ, ҳузури боҳиҷоби духтарони толибилим ва ҳамин тавр, дандони тилоро барои омӯзгорон манъ карда буданд.
XS
SM
MD
LG