Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нигаронии шадиди Ғарб аз озмоишҳои мушакии Эрон


Кишварҳои Ғарб дар бораи силсилаи озмоишҳои мушакии тайи ду рӯзи охир анҷомшуда дар Эрон изҳори нигаронии шадид карданд. Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон тайи ин ду рӯз озмоиши як силсила мушакҳои кӯтоҳу миёна ва дурпарвозашро анҷом дод, ки як навъ намоиши нирӯ дар пешорӯи музокироти барномаҳои ҳастаии Теҳрон бо 6 қудрати ҷаҳонӣ дар таърихи 1 октябр арзёбӣ мешаванд.
Вазорати хориҷаи Фаронса имрӯз аз Теҳрон тақозо кард, “фаъолиятҳои амиқан бесуботкунанда”-ашро қатъ кунад.
Раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Хавйер Солана бо изҳори нигаронӣ гуфт, Эрон бояд масоили ҷамъшуда пиромуни корхонаи дуввуми ғанисозии ураниумашро ҳалл кунад.
Мақомоти ғарбӣ мегӯянд, ин таъсисоти “ҳастаӣ” баёнгари қасди Эрон ба сохтани таслиҳоти ҳастаист.
XS
SM
MD
LG