Пайвандҳои дастрасӣ

Музаффар, ҷавони 30-сола аз саррофӣ даст кашидааст. Ӯро ба ин тасмим кушта шудани ҳамкораш аз суйи афроди номаълум маҷбур кардааст.

Музаффар мегӯяд, акнун ӯ дар бозор ба тиҷорат машғул хоҳад шуд.

Шаби панҷшанбе ба ҷумъа дар минтақаи фурӯдгоҳи кӯҳнаи шаҳри Душанбе Муҳаммадрасул Саъдуллоев, ҷавони 30–сола ва падари се фарзанд, ки дар бозори маҳаллаи маъруф ба 9-ум километри Душанбе дӯкони саррофӣ дошт, дар хонаи худ аз сӯйи афроди ношинос латукӯб шуда, дар ҳолати беҳушӣ афтод ва ду рӯз пас дар беморхона фавтид.

Ҳоҷӣ Убайдуллоҳ, аз наздикони Муҳаммадрасул, мегӯяд, афроди номаълум шабонгоҳ тақрибан соатҳои як ба дуи шаб ба манзили истиқоматии ӯ ворид шудаанд. Вай афзуд, онҳо «ворид шуда, бо як олати оҳанӣ ба сари Муҳаммадрасул задаанд ва занашро низ латукӯб кардаанд. То омадани дигар наздиконашон онҳо гурехта рафтаанд».

Тибқи иттилои расмӣ, тайи се моҳи ахир дар бозори Корвон ва назди Театри опера ва балети Душанбе афроди номаълум ба саррофиҳо ҳамла кардаанд ...
Тибқи иттилои вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, соли равон як гурӯҳи 14-нафарае таҳти раҳбарии Шавкат Сафаров, мулаққаб ба «Шомил» боздошт шудааст, ки ба латукӯби саррофон ва ғорати саррофиҳои Душанбе машғул буд. Аъзои ин гурӯҳ, ки ба ғорати ҳудуди 1 миллион сомонӣ, муодили 230 ҳазор доллари амрикоӣ, муттаҳам мешуд, ба ҳабси абадӣ маҳкум шудаанд.

Муҳаммадуллоҳ Асадуллоев, сухангӯйи вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, мегӯяд, вақтҳои ахир латукӯб ва ғорати сарофиҳову соҳибонашон боз аз нав ба қайд гирифта мешавад. Вай афзуд, «мутаассифона, вақтҳои ахир теъдоди ин гуна ҷиноятҳо зиёд мешавад. Вазорати умури дохила ин ҷиноятҳоро таҳқик дорад ва ба ҳамин қарибӣ ба натиҷаҳо хоҳад расид».

Оқои Асадуллоев низ мисли наздикони Муҳаммадрасул Саъдуллоев дар мавриди ҳаҷми дақиқи маблағи рабудашуда изҳори беиттилоӣ кард.

Тибқи иттилои расмӣ, тайи се моҳи ахир дар бозори Корвон ва назди Театри опера ва балети Душанбе, ҳудуди як километр дуртар аз Кохи раисҷумҳури Тоҷикистон, афроди номаълум ба саррофиҳо ҳамла карда буданд.

Коршиносон мегӯянд, сабаби афзудани ҷиноятҳо тайи ду соли ахир боз поён рафтани сатҳи зиндагии мардум ва афзудани бекорӣ дар кишвар аст.

Хилватшоҳи Маҳмуд, коршинос дар умури иҷтимоӣ, мегӯяд, ҳамлаҳо бештар ба ниҳодҳои бонкӣ ба назар мерасанд. Вай гуфт, «дар Исфараву Конибодом соли гузашта ба шӯъбаи Амонатбонк ҳуҷум карда буданд. Дар шӯъбаи ин бонк дар Хоруғ низ кӯшиши дуздӣ шуда буд. Дар Қурғонтеппа ба шӯъбаи Бонки Эсхата ҳам хӯҷум карда буданд. Соли гузашта дар маҳаллаи 33-юми пойтахт як посбони шӯъбаи Ориёнбонк кушта шуд. Ин ҳама омили иҷтимоӣ дорад».

Дар посух ба ин суол, ки «оё барои таъмини амнияти бонкҳои Тоҷикистон Бонки миллӣ чӣ чора хоҳад ҷуст?», дар ин ниҳод ба мо гуфтанд, ки таъмини амният кори худи бонкҳост.

Музаффар, ҳамсӯҳбати аввалаи мо, мегӯяд, саррофӣ касби хатарнок шудааст. Вай меафзояд, «беҳтар аст дар мағоза кор кунам. Вагарна аз ин гапу хабар одамро роҳат намемонад. Ба умеди як ё ду сӯм ин қадар ташвиш ба кӣ даркор?»

Коршиносон мегӯянд, ин вазъ далели заъфи ниҳодҳои амниятӣ нест, аммо ба бозгашти муҳоҷирини корӣ ва дар қатори онҳо афроди ҷинояткор, ва гузашта аз ин ба бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ рабт дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG