Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Омӯзгорон бо риши кӯтоҳ


Омӯзгори мактаби исломии шаҳри Хуҷанд

Омӯзгори мактаби исломии шаҳри Хуҷанд

Вазорати маорифи Тоҷикистон ба омӯзгорони мактабҳо ва донишгоҳҳои ин кишвар, ки синнашон аз 50 сол боло аст, иҷозаи доштани риши на бештар аз се сантиметрро додааст.

Либоси ягона барои омӯзгорон

Бар асоси мусаввабаи ҳайати мушовараи Вазорати маорифи Тоҷикистон, дастурамали либоси ягонаи омӯзгорони мактабҳо ва донишгоҳҳои ин кишвар ба таърихи 1-уми октябр мавриди амал қарор мегирад. Дар ин дастурамал беш аз 20 навъи либос барои омӯзгорони мард ва зан тавсиа шудааст, ки онҳо метавонанд аз он истифода кунанд. Ҳамчунин, ба гуфтаи Ҷалолиддин Амиров, як масъули Вазорати маорифи Тоҷикистон ва аз муаллифони ин дастурамал, бар иловаи он ки дастурамал пӯшидани либоси хоса барои омӯзгоронро дар назар дорад, ҳамчунин, ба манзури арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва суннатии мардуми тоҷик ба омӯзгорони калонсол имтиёзотеро қоил шудааст.

Афзун бар ин, як масъули Вазорати маорифи Тоҷикистон таъкид кард, ки омӯзгорони синнашон аз 50 сол боло дар деҳот метавонанд аз калуш истифода кунанд. Аммо Ҷалолиддин Амиров, ин иддаоро рад кард ва гуфт, танҳо пӯшидани туфлӣ барои ҳама омӯзгорон иҷоза дода шудааст. Ҳамзамон, оқои Амиров эълом кард, ки бар асоси ин дастурамал, барои занони омӯзгор дар мактаб ва донишгоҳ истифода аз зару зевар ва ороишот ва истифода аз подомани кӯтоҳ, ҷинс, либоси мухталифи ҳарир ва танг, футболка ё пироҳани варзишии гуногун манъ аст.

Назари бархе аз омӯзгорон:

Омӯзгори Донишгоҳи омӯзгорӣ: «иқдоми Вазорати маориф саривақтӣ аст. Либоси омӯзгор бояд аз шогирд фарқ кунад. Риш ҳам бояд бо зебогӣ гузошта шавад. Зеро мондани риш боиси хандахариши шогирдон ва донишҷӯён нагардад».

Омӯзгор аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон: «риш бояд барои донишгоҳи динӣ иҷозат дода шавад, дар донишгоҳи давлатӣ номувофиқ аст. Масъалаи либоси омӯзгорон қобили қабул аст, аммо мо омӯзгорон имкони харидории либоси ягона надорем, чун маоши манн 220 сомонӣ буда, ва се фарзанди донишҷӯ дорам. Агар Вазорати маориф ин масъаларо ҳал кунад, беҳтар аст».

Риш мумкин, ҳиҷоб не

Ҳамакнун, он чӣ боиси тааҷҷуби соҳибназарон аст, ки Вазорати маорифи Тоҷикистон ба омӯзгорони синнашон аз 50 сол боло доштани риши кӯтоҳ ва пӯшидани тоқӣ, кӯлоҳи миллии тоҷикиро иҷоза медиҳад, аммо пӯшидани ҳиҷоб тавассути духтарони мактабҳо ва донишгоҳҳо таи ду соли ахир мояи нигаронии ин ниҳоди давлатӣ будааст. Зурафо Раҳмонӣ, соҳибназари тоҷик, иқдоми ахири Вазорати маорифро «хок пошидан ба чашми мардум» медонад.

Ин дар ҳолест, ки масъулони вазорати маорифи Тоҷикистон ҳиҷобро либоси миллии тоҷикӣ намедонанд ва мегӯянд, ҳиҷоб аз хориҷи кишвар ба духтарони тоҷик таҳмил шуда ва пӯшидани он тавассути донишҷӯён мӯд гардидааст.

Муддати ду соли ахир масъулони мактабҳо ва донишгоҳҳо аз вуруди хонандагон ва донишҷӯён бо ҳиҷоб ҷилавгирӣ кардаанд. Ҳамчунин, чандин донишҷӯдухтари тоҷик ба иллати пӯшидани ҳиҷоб аз донишгоҳҳо ихроҷ шуданд. Қазияи додгоҳӣ дар ин замина миёни як донишҷӯдухтари Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ва Вазорати маориф ба нафъи ин ниҳоди давлатӣ ҳал шудаааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG