Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исмоилхон таҳдиди истеъфо кардааст


Вазири энержии Афғонистон Исмоилхон ба дунболи ҳамлаи маргталабонае, ки алайҳаш сурат гирифт, таҳдид кардааст, ки аз узвияти кобинаи Ҳомиди Карзай истеъфо хоҳад дод.
Исмоилхон аз ин ҳамлаи рӯзи якшанбе дар шаҳри Ҳирот ҷон ба саломат бурд, вале бар асари инфиҷори мошини бомбгузоришуда дастикам 4 нафари дигар кушта ва 17 тан маҷрӯҳ шуданд. Масъулияти анҷоми сӯъиқасд ба ҷони Исмоилхонро Толибон бар ӯҳда гирифтаанд.
Исмоилхон хостори таҳияи як стротежии рӯшани давлатӣ ба манзури таъмини сулҳу амният дар Афғонистон шуд ва гуфт, дар сурати идомаи хушунатҳо истеъфо хоҳад дод.
Бо ин ҳол, бино ба ахбори дигар аз Афғонистон, тайи рӯзҳои охир дар он кишвар 6 сарбози НАТО, бо шумули 3 аскари Фаронса, 2 марикоӣ ва як сарбози бритониёӣ кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG