Пайвандҳои дастрасӣ

Истиқболи раҳбарони ҷаҳон аз пирӯзии Меркел


Раҳбарони ҷаҳон аз пирӯзии садри аъзами Олмон Ангела Меркел дар интихоботи парлумонии дирӯза истиқбол мекунанд. Ҳизби демократҳои масеҳии хонум Меркел дар ин маърака наздики 34 дарсади ороро ба даст овард, ки назар ба 23 дарсад орои рақиби аслиаш- ҳизби сотсиал-демократ хеле бештар аст.
Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама гуфт, бо умеди идомаи ҳамкориҳои наздик бо Ангела Меркел ба оянда нигоҳ мекунад.
Раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ гуфт, пирӯзии пурғулғулаи Меркел натиҷаи эътимоди мардум аст, ки ӯ тайи 4 соли раҳбариаш ба даст овард. Сарвазири Итолиё Силвио Берлусконӣ дар як тамоси телефонӣ ба “дидгоҳи ҳамсон”-и ӯву Меркел дар мавриди эҷоди Аврупои нирӯманд таъкид кардааст.
Ҳизби Меркел ба манзури ташкили кобинаи вазирон акнун зоҳиран бо ҳизби демократҳои озод, ки наздики 15 дарсади раъйи мардумро соҳиб шуданд, ташкили эътилоф хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG