Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Озмоишҳои нави мушакӣ дар Эрон


Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон имрӯз озмоиши мушаки дурпарвози дурмарҳалаии “Сеҷил”-ро анҷом дод. Эрон имрӯз мушаки дурпарвози навъи “Шаҳоб-3”-ро, ки тӯли парвозаш то 2000 километр баровард мешавад, низ озмоиш кардааст.
Ҳусейн Саломӣ, фармондеҳи нирӯҳои ҳавоии сипоҳ гуфт, озмоиши ин мушакҳо бомуваффақият гузаштааст.
Эрон рӯзе қабл дар чаҳорчӯби размоишҳои чоруми мавсум “Паёмбари бузург” мушакҳои миёнапарвози “Шаҳоб-1” ва “Шаҳоб-2”-ро озмоиш карда буд. Ин силсилаи озмоишҳо ҳамагӣ чанд рӯз қабл аз оғози музокироти 6 қудрати ҷаҳон бо Эрон бар сари баҳси барномаҳои ҳастаии ин кишвар сурат гирифт.
XS
SM
MD
LG