Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии Вайда аз Поланскӣ


Барандаи ҷоизаи Оскар Анжей Вайда ва дигар филмбардорони лаҳистонӣ дар номае, ки дар сомонаи интернетии Иттиҳодияи филмбардорони Лаҳистон нашр шуд, аз мақомоти Лаҳистону Швейтсари раҳоии Роман Поланскиро хоста ва аз Амрико бознигарии иттиҳомоти ворида алайҳи ин коргардони маъруфи лаҳистонитаборро дархост кардаанд.
Барандаи ҷоизаи Оскар Роман Поланскӣ, ки феълан шаҳрвандии Фаронсаро дорад, дирӯз дар роҳ ба ҷашнвораи синамои Тсюрих аз сӯи пулиси Швейтсария боздошт шуд ва акнун бо таҳдиди истирдод ба Амрико рӯбарӯ шудааст. Мақомоти Амрико Поланскиро ба равобити ҷинсӣ бо як духтари ноболиғи 13-сола дар соли 1977 дар Лос-Анҷелес муттаҳам мекунанд.
Вазирони хориҷаи Лаҳистону Фаронса мехоҳанд муштаракан иқдом кунанд. Вазири хориҷаи Лаҳистон Радек Сикорскӣ имкони афви гуноҳи Поланскӣ аз ҷониби раисиҷумҳури Амрико Барак Обамаро биҷӯянд.
XS
SM
MD
LG