Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси ҷаҳонии масоили тағйири иқлим дар Бангкок


Намояндагон аз тақрибан 190 кишвари ҷаҳон дар Бангкок, пойтахти Таиланд, ба идомаи баҳси тарҳи паймони нави муқобила бо тағйири иқлим шурӯъ карданд. Нишасти Бангкок, ки то 9 октябр идома хоҳад ёфт, бузургтарин нишаст қабл аз баҳси ниҳоии масъалаи ин паймон дар нишасти моҳи декабр дар Копенҳаген дониста мешавад.
Дар анҷумани Копенҳаген вазирони ҳифзи муҳити зисти сайёра паймони нави муқобила бо тағйири иқлимро, ки бояд ҷойгузини паймони Киото шавад, тасвиб хоҳанд кард.
СММ ҳушдор додааст, ки музикорот хеле ба кундӣ пеш меравад ва хеле аз масоил то ҳол ҳаллношуда боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG