Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лаҳистону Фаронса роҳҳои раҳоии Поланскиро меҷӯянд


Бино ба хабарҳо, Лаҳистону Фаронса мехоҳанд ба манзури аз боздошт дар Швейтсария раҳо кардани коргардони маъруфи синамо Роман Поланскӣ муштаракан иқдом кунанд. Вазири хориҷаи Лаҳистон Радек Сикорскӣ гуфтааст, ки ӯ ва ҳамтои фаронсавиаш Бернар Кушнер мехоҳанд аз мақомоти Швейтсария раҳоии ин коргардони 76-соларо, ки дар Амрико ба таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ муттаҳам мешавад, дархост карда, имкони афви гуноҳи Поланскӣ аз ҷониби раисиҷумҳури Амрико Барак Обамаро низ биҷӯянд. Барандаи ҷоизаи Оскар Роман Поланскии лаҳистонитабор, ки феълан шаҳрвандии Фаронсаро дорад, дирӯз дар роҳ ба ҷашнвораи синамои Тсюрих аз сӯи пулиси Швейтсария боздошт шуд ва акнун бо таҳдиди истирдод ба Амрико рӯбарӯ шудааст.
Мақомоти Амрико Поланскиро ба равобити ҷинсӣ бо як духтари ноболиғи 13-сола дар Лос-Анҷелес муттаҳам мекунанд. Ин иттиҳом аз соли 1977 буда, феълан он духтар ба синни 45 расидааст.
XS
SM
MD
LG