Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шояд ин пӯшида нест, шароб дар тамоми қаламрави Тоҷикистон ва бахусус дар Бадахшон миёни дӯстдоронаш ҳамчун фарҳанги хоси меҳмонавозӣ ё баъзан нишондиҳандаи сарват ва тавоноӣ шинохта шудааст.

Аз ин рӯ қариб бештари тую маъракаҳо, вохӯриҳо ва маҷлисҳо бе шароб намегузаранд. Ҳама бо шароб ошно ва бо он мефахранд ва касе аз зарари бисёрҷонибаи он намеандешад. Чаро? Шояд бештари мо дар айшу нӯш ва нафспарастӣ қисме аз қобилиятҳои фикриро аз даст додем ва ё инки аз арзишҳои дину мазҳабамон канор мондем ва пойбанди шароб гаштем.

Ман сабаби сермасрифии шаробро бештар дар камандешагии майнӯшон медонам. Ба андешаи ман, зарари ҳамаҷонибаи шароб аввалан ба саломатӣ, махсусан дар коста шудани тавони фикрӣ мебошад.

Аз тарафи дигар, шароб ба имкониятҳои бе ин ҳам кӯчаки пулии хонаводахо зарба мезанад. Ҳамзамон зарари мудҳиши шаробро дар коста шудани арзишҳои ахлоқии ҷомеа, ба монанди рафтори нодуруст ва паст дар ҳолати мастӣ дар ҷойҳои ҷамиятӣ ва хонаводахо метавон хотирасон сохт. Мутаасифона, то имрӯз касе гоме барои пешгирӣ ва кӯмак ба нафароне, ки гирифтори ин дард хастанд, набардоштааст.

Магар истифодаи шароб чун одат на бо айби худи мо шуд? Албатта, ин мо будем, ки ин фарҳангро сар аз замони Шӯравӣ аз омӯзиши илму ҳунар дида волотар донистем ва ба ҷуз ин одати паст дигар хислатҳои хубро ба худ касб накардем.

Бадбахтона, иддае аз олимон ва ҳунармадоне, ки аз он давр имрӯз миёни мардум кор ва зиндагӣ мекунанд, ин амалро бештар ба худ касб кардаанд. Ин ба он мемонад, ки мо нобуд шудан бо шаробро аз мубориза бурдан дар роҳи илму ҳунар бартар медонем. Зеро олиму ҳунарманди ҷомеаи мо ин касбро айб ё рафтори нодуруст намешуморанд. Охир онҳо оинаи ҷомеаанд. Онҳо бояд ҷомеаро аз ин гуна хатарҳо огоҳ кунанд.

Ягона илоҷ ин муборизаи оқилона ва бунёдкорона зидди ин дард мебошад. Вале, ҳоло набарди мо барои кам кардани истифодаи шароб аз дирӯз карда душвортар аст ва албатта, агар майли набард дошта бошем. Ин набард ҳатман аз ҳамагон қудрати бештар ва ҷавобгарии ҳамаҷониба мехоҳад, то пайравони шаробро водор созем, аз истеъмоли беандозаи шароб худдорӣ намоянд. Фикр мекунам вақти он ҳам расидааст, ки оиди ин дард сухан гуфт ва фикрронӣ кард. Зеро ҷомеа ниёз ба тавлиди фардҳои нав дорад. Ниёз ба фардҳое, ки дорои нерӯи тағйирпазир ва хуши тез ҳастанд. Албатта, бе фикри нав ояндаи навро тассавур кардан ғайриимкон аст.

Дар Бадахшон, арақи русӣ ё водка харидори зиёде дорад. Муваффақияти бозори шароб аз гирифтории мардум ба он аст. Бештари онҳо намедонанд, ки чаро менӯшанд, вале чизеро ки медонанд, ин хости онҳо барои дарёфти шароб, сарфи назар аз имкониятҳои молияшон аст.

Аз сафарҳоям ба тамоми гӯшаҳои Бадахшон дарёфтам, ки аз фарди камбағалтарини деҳоти дурдаст то роҳбарони бахшҳои мухталифи ҷомеа дар марказҳо ҳама менӯшанд. Нӯшидани водка чун одат иродаи афроди майнӯшро ба худ мутеъ гардонидааст ва аз зарари он ба чавонон ва ояндаи онҳо ягон муассисаи давлатӣ ё хусусӣ чорабинӣ намекунад.

Барои ман чун фарди ҳамин ҷомеа тассавур кардани пешрафт ва рушди фикрӣ ва ахлоқии ҷомеа ғайриимкон аст. Зеро, дар мактабе, ки муаллимон ва роҳбари он дар ҳолати мастӣ вориди синфхона мешаванд, кормандони ҳуқуқ ва низом дар холати мастӣ касеро бо майнӯшӣ айбдор кунанд, ё духтурон дар чунин ҳолат даст ба муолиҷаи маризон зананд ва ё дардноктар аз ҳама намояндагони дин ва ё занон чун тарбиятгарони насли наврас ҳамвора бо ин гуноҳ оғушта бошанд, ин нанги бузургест!

Барои тадқиқ ва омӯзиши ин мараз ман озими бозори маркази Хоруғшаҳр шудам. Дар роҳ бо мушоҳидаҳо одамони мастро дар субҳи содиқ ҳам метавон дарёфт, вале ман вақти наҳор рафтам. Хостам, бо одамоне ки ошкор дар холати мастӣ дар кӯчаву паскӯчаҳои Хоруғ қадам мезананд, сӯҳбат кунам. Ва ин кори душворе ҳам набуд ва ман тавонистам, бо нафароне бо ман шинос буданд, сӯҳбат ороям. Сӯҳбати дар поён дарҷ ёфта, намунаи андешахое ҳастанд, ки бештари шаробнӯшон бо онҳо аз шаробнӯшиашон дифоъ мекунанд. Ман аз истифодаи исмашон дар ин ҷо бо назардошти арзишхои ахлоқӣ худдорӣ менамоям.

Аз ӯ пурсидам: Чаро мардум ба дарёфт ва нӯшидани шароб майли бештар доранд?
М: Намедонам. Шояд ин бад нест. Хама менӯшанд ва ман ҳам менӯшам. Баъзан сахтиҳои зиндагӣ маҷбурам месозад, то бинӯшам. Дар хона не зиндагии хуб, не кори хуб дорам, намедонам...
Ман: Оё нӯшидани шароб душвориҳоятонро осон месозад? Чӣ рух медиҳад замоне ки шумо шароб менӯшед?
М: Албатта, шумо худатон хуб медонед, ки душвориҳоямон кам не, балки зиёдтар мешаванд. Баъд аз ҳушёр шудан ҳамзамон мо дар фикри баргардонидани қарзҳоямон мешавем. Чун беҳуш мешавем, лаҳзае аз фикри зиндагӣ мемонем ва қалбамонро шодӣ фаро мегирад. Барои ҳамин шояд менӯшем ки нӯшидан ба мо шодӣ мебахшад. Аммо шодии хело кӯтоҳ ва аз пасаш ғами дучанд меорад. Ман намехоҳам нӯшам, аммо наметавонам аз нӯшидан худдорӣ намоям. Хело душвор аст худдорӣ кардан.
Ман: Аввалин бор кай нӯшидани шаробро оғоз кардед? Ягон кас оиди зарарҳои шароб ба шумо маслиҳат дод ё не?
М: Аввалин бор бо одамҳои аз ман калонтар дар синфи панҷиям нӯшидам. Имрӯзҳо ҳама медонанд, ки аз муллимони мактаб то хонандагон ба шаробнӯшӣ майл доранд ва ин пӯшида нест. Дар он вақт ман намедонистам, ки ба чӣ доме меафтам, зеро касе ба ман намегуфт, ки ин кори бад аст ва ба зиндагиам таъсир мерасонад. Имрӯз кор аз кор гузашт ва ман ниёз ба насиҳати ҳеч кас надорам, зеро бас кардани шаробро шояд наметавонам. Беҳтар аст, ки ба дигар ҷавонон гӯянд, ки ин корро накунанд, ки хонавайронӣ меорад. Ман ҳоло каме қарздорам ва бояд кор ёбаму қарзҳоямро баргардонам.
Ман: Оё медонед, ки аз нигоҳи арзишҳои ахлоқӣ ва динӣ нӯшидани шароб ҳаром аст?
М: Ман аз ин ҳам бохабарам, ки шаробнӯшӣ гуноҳ аст, аммо ман аз он нафароне, ки бо замми диндор ё амалдор буданашон ба порахӯрӣ ва озори мардумон машғуланд, беҳтарам. Озори ман танҳо ба нафсу ҷони худам асту халос.
Ман: Мебахшед, ман фикр намекунам ки озори шумо аз он нафароне, ки шумо ном бурдед, камтар бошад. Озори шумо ҳатман сарҳадҳои фардиатонро мегузарад ва реша бар нафсу, ахлоқи дигарон ҳам мезанад. Чанд бор дар ҳолати мастӣ бо наздикону хешовандонат ҷангу хархаша оростед?
М: Ёд надорам, намедонам!

Сӯҳбати мо тӯлонӣ буд ва маро водор сохт, то соатҳои дароз ба фикр фурӯ равам.

Аз машваратҳоям бо мардуми гуногуни ҷомеа ба хулосае омадам, ки (1) нашуморидани майнӯшӣ чун айб ё гуноҳ аз нигоҳи арзишҳои ахлоқӣ ва динӣ ба зиёдшавии сафи майнӯшон сабаб мегардад. Аз ин рӯ бештари мардуми шаробнӯш аз нӯшидани шароб бо ғурур мефахранд ва баъзеи онҳо ин амалро кушоиши кор ё воситаи баёни дӯстӣ байни фардҳо мешуморанд. Аммо бо шоҳидии шумо ин равшан шуд, ки ин фахри нодонӣ ва пастӣ, ки ҷомеаи моро рӯз аз рӯз ба умқи нокомӣ ва шикаст мекашад.

Сабаби дигари майнӯшӣ ин (2) камдонишии ҷомеа аз зарарҳои истеъмоли шароб аст. Ба ин иллат майхорагон арақро саҳару бегоҳ, чун обу нон масраф мекунанд. Ҳамагон бояд донанд, ки истеъмоли беандозаи шароб тамоми хонаводаҳоро валангору вайрон аз қарз, зану фарзандонро парешону ғамзада, обрӯи онҳоро поймоли нафс ва ҷангу хархаша мекунад.

Охирон, шояд (3) бетаваҷҷӯҳии роҳбарони муассисаҳои давлатӣ ва низомӣ, ки бештари онон низ истеъмоли шаробро гуноҳ намедонад ба афзоиши майзадагӣ сабаб мегардад. Аз онон илтимос мекунам, ки ба пешрафти ҷомеа андешанд, зеро шароб шуур ва тафаккури инсонро заиф ва иҷрои ваъдаҳои онҳоро ба пешрафт номумкин мекунад. Набояд гузошт, ки афроди ҷомеа ба худкушии ихтиёрӣ гирифтор шаванд.

Эраҷ Саодатсайров

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG