Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодиҳои шаҳрвандӣ дар Ҳондурас маҳдудтар мешавад


Ҳукумати амалии Ҳондурас дар пешорӯи шиддати ихтилофоташ бо раисиҷумҳури барканоршуда Мануэл Зелайя ҷиҳати маҳдуд кардани бархе ҳуқуқи шаҳрвандӣ иқдом кард. Шоми якшанбе эълон шуд, ки акнун мақомоти Ҳондурас метавонанд ҳар навъ гирдиҳамоии “бидуни иҷозат”-ро манъ ва афродро бидуни судури ҳукм боздошт кунанд. Тибқи ин қарори давлат, ба мақомот ҳамин тавр ҳаққи ба таври муваққат бастани расонаҳои хабарӣ низ дода шудааст. Давлат мегӯяд, ин тадобир дар посух ба даъватҳои ахири Зелайя аст, ки мақомот “даъват ба ошӯб” қаламдодаш мекунанд.
Зелайя дирӯз аз тарафдоронаш хост, ки рӯзи 28 сентябр, ки аз барканории ӯ дар натиҷаи як кудатои низомӣ 3 моҳ пур мешавад, дар як раҳпаймоии эътирозӣ гирди ҳам биоянд.
Зелайя, ки баъди чанд моҳи ғурбатҳафтаи гузашта ба Ҳондурас баргашт ва феълан дар сохтмони сафоратхонаи Бразилия дар Тегусигалпа паноҳ мебарад.
XS
SM
MD
LG