Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҷеҳи Гейтс ба дипломатия дар масъалаи Эрон


Вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс гуфт, ба бовари ӯ, дипломатия ва имкони таҳримоти нав роҳи назар ба ҳамлаи низомӣ беҳтари ба тағйири сиёсатҳои ҳастаияш маҷбур кардани Эрон аст. Гейтс дар мусоҳиба бо СNN гуфт, имкони истифодаи тамоми роҳҳо дар дасти баррасӣ боқӣ мемонад, вале ӯ мутмаин ҳаст, ки имкони истифода аз роҳҳои дипломатӣ дар қиболи Теҳрон низ ҳанӯз боқист. Гейтс афзуд, истифодаи нирӯи низомӣ ба хотири ба қатъи фаъолиятҳои ҳастаияш маҷбур кардани режими исломии Эрон чандон қобили қабул нест. Раҳбари Пентагон гуфт, ифшо шудани нақшаи бунёди корхонаи дуввуми ғанисозии ураниуми Эрон мавзеъи Теҳронро заъиф кард.
Гейтс, дар сурати боз ҳам аз ғанисозии ураниум даст набардоштани Эрон, ба эҳтимоли эъмоли таҳримоти нави байналмилалӣ алайҳи бонкҳои Эрон ва фурӯши таҷҳизоту фанноварӣ барои риштаҳои нафту гази он кишвар таъкид кард.
Эрон ҳар навъ иддаоҳо мабнӣ ба инро, ки ҳадафаш аз пешбурди барномаҳои ҳастаӣ сохтани силоҳҳои ҳастаист, ба таври мукаррар радд кардааст.
XS
SM
MD
LG