Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситоиши Завоҳирӣ аз Маҳсуд


Аймон Завоҳирӣ дар паёми наве, ки гумон меравад, бо садои ин раҳбари баъд аз Усома Бен Лоден дуввуми шабакаи Ал-Қоида бошад, аз раҳбари кушташудаи Таҳрики Толибони Покистон Байтуллоҳ Маҳсуд ситоиш кардааст. Байтуллоҳ Маҳсуд бар асари зарбаи мушакии нирӯҳои Амрико дар таърихи 5 август захмҳои муҳлик бардошт.
Созмони Intel Center гуфт, ин паёми 28-дақиқаи нашршуда метавонад бо садои Завоҳирӣ бошад. Дар зарфи камтар аз як ҳафтаи охир ин дуввуми паём аст, ки аз номи раҳбари дуввуми Ал-Қоида нашр мешавад. Бовар меравад, ки Завоҳирӣ ва раҳбарони дигари аршади Ал-Қоида дар манотиқи кӯҳистонии наздик ба марзи байни Афғонистону Покистон паноҳ мебаранд.
XS
SM
MD
LG