Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи маргталабона дар Баккахел


Пулиси Покистон мегӯяд, имрӯз бар асари як бомбгузории маргталабона дар минтақаи ошӯбзадаи шимолу ғарби кишвар 4 тан аз қабиланишинони зидди Толибон кушта шуданд.
Як маргталаб дар минтақаи Бакахел, воқеъ дар наздикии марз бо Афғонистон, мошини бомбгузоришударо рӯи мошине ронд, ки дар он аз ҷумла Абдулҳаким, яке аз афроди саҳим дар музокироти сулҳ бо чирикиҳо, ҳаракат мекард.
Абдулҳаким ва се ҳамроҳаш дар натиҷа ба ҳалокат расида, як зани раҳгузар маҷрӯҳ шуд.
XS
SM
MD
LG