Пайвандҳои дастрасӣ

Таҷзияи колхозҳо - роҳи ҳалли мушкили қарзҳо?


Абдураҳмон Қодирӣ, муовини раиси вилояти Хатлон ба хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ таҷзия кардани ширкатҳои бузурги кишоварзиро як роҳи ҳалли қарзи бузурги аз маошу молиёт ҷамъшудаи колхозҳои собиқ донистааст. Оқои Қодирӣ гуфтааст, ҳукумат мехоҳад ширкатҳоеро, ки беш аз 500 ҳектор замин доранд, таҷзия кунад. Мақомоти Хатлон мегӯянд, дар ғайри сурати таҷзияи колхозҳои собиқ ва 5-10 ҳекторӣ ба деҳқонони асил тақсим кардани заминҳои кишт ҳалли масъалаи қарзи хоҷагиҳои кишоварзӣ ғайримумкин аст. Қарзи фақат хоҷагиҳои пахтакори Тоҷикистон беш аз ним миллиард доллар баровард мешавад, вале ҳукумат ахиран бозпардохти қарзҳои кӯҳнаи ин хоҷагиҳоро ба ҳоли таълиқ овард.
XS
SM
MD
LG