Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатар дар Душанбе масҷид хоҳад сохт


Ахиран дар Дубай, маркази тиҷоратии Имороти Муттаҳидаи Араб, дар ҳузури раисиҷумҳури Тоҷикистон тарҳи масҷиди бузурге, ки дар пойтахти Тоҷикистон дар 7,5 ҳектар бо кӯмаки молии давлати Қатар сохта мешавад, муаррифӣ шуд. Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бозгашт аз Ню-Йорк дар Дубай таваққуф кардааст. Хабаргузории “Авасто” менависад, масҷиди нав тавони гунҷонидани то 150 000 намозгузорро дошта, эҳдосаш бояд моҳи октябр оғоз шавад. Дар ҳошияи ин масҷид як донишгоҳи исломӣ низ бино хоҳад шуд. Феълан дар Тоҷикистон 249 масҷиди ҷомеъ ва 18 мадрасаи динӣ фаъолият дорад.

XS
SM
MD
LG