Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Беш аз 50 корманди маҳаллии сохтмони нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" ба нишони эътироз аз нагирифтани маошашон дар ду моҳи ахир корпартоӣ кардаанд.

«Сангтӯда-2» бар фарози рӯдхонаи Вахш дар 100-километрии ҷануби шаҳри Душанбе бо сармояи давлати Эрон бунёд мешавад ва корҳои сохтмонӣ дар ин нерӯгоҳ моҳи феврали соли 2006 оғоз шудааст.

Ҳамаи шаст тан коршиканони сохтмони «Сангтӯда-2» сокинони Тоҷикистон ҳастанд, ки асосан ба бетонрезӣ ва челонгарӣ машгуланд. Ба қавли онҳо, тӯли ду моҳи ахир ширкати эронии «Имрон-Морун» маоши онҳоро напардохтааст.

Як тан аз ин коршиканон дар тамоси телефонӣ бо радиои Озодӣ гуфт, ки тайи ин муддат маъмурияти корфармоёни эронӣ борҳо ваъдаи пардохти маошро кард. Аммо ҳатто дар арафаи иди моҳи Рамазон низ, ки коргарон натавонистанд маош бигиранд ва бо қарз ин идро сипарӣ кардаанд.

Маъмурияти корфармоёни эронӣ борҳо ваъдаи пардохти маошро кард. Аммо ҳатто дар арафаи иди иоҳи Рамазон низ, ки коргарон натавонистанд маош бигиранд ва бо қарз ин идро сипарӣ карданд ...
Ҳамсӯҳбати мо аз бими он, ки корфармоёни эронӣ дар оянда бо ӯ муносибатро бад накунанд, исми худро ифшо накард. Вай гуфт, маоши кормандони эронии сохтмони нерӯгоҳ бидуни таъхир ва саривақт пардохт карда мешавад, аммо барои сокинони маҳаллӣ муомила таври дигар сурат мегирад

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати радиои Озодӣ, роҳбарони ширкати эронии масъули сохтмони нерӯгоҳ бо афроди коршикан мулоқоти рӯбарӯ карда ва ин бор низ ваъда додаанд, ки то рӯзи ҷумъаи 2-юми октябр маоши кормандон ба пуррагӣ пардохта мешавад.

Зимнан ин нуктаро Сиёваши Вакилӣ, як тан аз масъулони ширкати эронӣ, низ таъйид кард. Вале оқои Вакилӣ аз ироаи ҷузъиёт ва иллали саривақт напардохтани маоши коргарони тоҷики нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» худдорӣ кард.

Аммо яке аз коршиканоне, ки бо радиои Озодӣ дар тамос буд, гуфт дар пайи дидор ва мулоқот бо маъмурони ширкати эронии масъули умури сохтмон бархе аз ин кормандон коршиканиро қатъ кардаанд, аммо як қисме аз ин нафарон рӯзи ҷумъаро мунтазиранд ва гуфтаанд баъди дарёфти маош корро идома хоҳанд дод.

Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» яке аз силсиланерӯгоҳҳо дар рӯдхонаи Вахш дар ҷануби Тоҷикистон аст. Ин тарҳи муштараки давлати Тоҷикистон ва Эрон аст. Ҷониби Эрон дар ин сохтмон 180 миллион доллар сармоягузорӣ мекунад. 40 миллион доллари дигарро ҷониби Тоҷикистон пардохт хоҳад кард.

Арзиши умумии сохтмони нерӯгоҳ 220 миллион доллар аст. Баъд аз анҷоми бунёди нерӯгоҳ мувофиқи тавофуқоти имзошуда, тӯли 12 солу шаш моҳ даромади ин нерӯгоҳ дар ихтиёри Эрон қарор хоҳад гирифт. Танҳо пас аз анҷоми ин мӯҳлат нерӯгоҳ моли Тоҷикистон хоҳад шуд.

Дар ҳоли ҳозир 600 нафар аз шахрвандони тоҷик дар корҳои сохтмонии нерӯгоҳи мазкур фаъолият доранд. Қарор буд, ки корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи мазкур то соли 2012 ба итмом расад. Аммо бо дархости Тоҷикистон тавофуқ шудааст, нерӯгоҳи мазкур, ки иқтидори солонааш 220 мегаватт хоҳад буд, як сол пеш аз мӯҳлат мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.

Зимнан мушкили пардохти маоши коргарон дар сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» ҳам, ки бо сармояи Русия бунёд ёфт, боис шуда буд, ки мӯҳлати баҳарбардории комил аз он ба дарозо бикашад. Ширкати сохтмонии Русия ширкати «Барқи Тоҷик»-ро дар напардохтани баҳои нерӯи барқи тавлидшудаи ин нерӯгоҳ муттаҳам мекард.

Аммо баъди таъхири тақрибан панҷмоҳа зоҳиран ин мушкил бартараф шуд ва дар як маросиме бо ширкати раисони ҷумҳуриҳои Русия ва Тоҷикистон дар моҳи августи соли равон агрегати чаҳоруми «Сангтӯда-1» низ ба кор андохта шуд ва бо ҳамин корҳои сохтмонӣ дар ин нерӯгоҳ ба анҷом расид.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG