Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Регар» - барандаи 3-каратаи Ҷоми раиси AFC


Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода нахустин шуда барои севвумин бор Ҷоми раиси AFC (Конфедеросиюни футболи Осиё)-ро ба даст овард.

Қаҳрамони 7-каратаи Тоҷикистон 27-уми сентябр дар бозии ниҳоӣ дар майдони худ, дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода, бар «Дордой-Динамо»-и Норин, барандаи дукаратаи Ҷоми раиси AFC ва қаҳрамони 5-каратаи Қирғизистон, бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.

Иброҳим Рабимов дар дақиқаи 7-ум тӯби ба сӯи ӯ ҳавододаи Даврон Эргашевро бо сараш вориди дарвоза кард. Голи дуввуми «Регар» ТадАЗ-ро Хуршед Маҳмудов, капитани даста, дар дақиқаи 55-ум ба самар расонд. Воқеъан, Хуршед Маҳмудов бо ҷоизаи АFС «Барои бозигари аз ҳама судманд» сарфароз гашт.

Инчунин, дар маросими мукофотсупорӣ, ки пас аз анҷоми бозии ниҳоӣ сурат гирифт, дастаи ғолиб - «Регар» ТадАЗ - бо Ҷоми раиси AFC ва 50000 доллар сарфароз шуд. Ҳамчунин бозигарону мураббиёни даста бо медалҳои тилло мукофотонида шуданд.

Дастаи «Дордой-Динамо», ки ҷои дувумро гирифт, соҳиби 25000 доллар гардид. Инчунин бозигарону марббиёни даста бо медалҳои нуқра сарфароз шуданд. Инчунин ба дастаи «Дордой-Динамо» ҷоизаи AFC «Барои бозии мунсифона» тақдим гашт.

Ҷоизаи «Голзани беҳтарин» насиби Со Мин Оу, бозигари дастаи «Канбавза»-и Мянмар гардид, ки 6 гол задааст.

Инчунин сардовари бозии ниҳоӣ Алиризои Фағонӣ (Эрон), ёваронаш Рафаэл Илёсов (Узбакистон), Ясир Тулифат (Баҳрайн) ва довари эҳтиётӣ Владислав Тсейтлин (Узбакистон) бо ҷоизаҳои AFC мукофотонида шуданд.

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии «Регар» ТадАЗ, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, даста бо тӯҳфаи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон – мошини сабукрав мукофотонида хоҳад шуд. Оқои Ҳабибуллоев афзуд. «Ман хушбахттарин мураббии футбол дар Тоҷикистон мебошам, ки дар тӯли фаъолияти кориам дар дастаи «Регар» ТадАЗ, барои севвумин бор Ҷоми раиси AFC-ро ба даст овардем ва он абадӣ дар бошгоҳ хоҳад монд».

Дар нишасти матбуотӣ сармураббии «Дордой-Динамо» Сергей Дворянкови русиягӣ аз бозии ҳамлагарони даста изҳори ноқаноатмандӣ кард. Вай гуфт: «Ҳамлагарони «Регар» ТадАЗ аз имконот хуб истифода карданд, вале ҳамлагарони мо бисёр лаҳзаҳои мувофиқи голзаниро натавонистанд пурсамар истифода кунанд. Ва аммо нисбат ба бозии нимфиналӣ бо «Ишқобод»-и Туркманистон беҳтар бозӣ кардем. Вале рақибамон аз ҳарифи пешин пурқувваттар буд».
XS
SM
MD
LG