Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон дар 2 марҳала озмоиши мушак анҷом дод


Эрон мегӯяд, ки дар ду марҳала озмоиши мушакҳояшро анҷом додааст. Ба гуфтаи мақомоти низомӣ, озмоиши мушакҳои миёнбурди Шаҳоб-1 ва Шаҳоб-2 бо бурди аз 300 то 700 километр дар размоишҳое бо номи "Паёмбари аъзам-4" бо муваффақият гузаштааст. Гузориш мешавад, ки ин мушакҳо метавонанд кулоҳакҳои қобили истифодаи мукаррарро ҳамл кунанд. Субҳи рӯзи якшанбе Сипоҳи посдорони инқилоб мушакҳои кӯтоҳбурдро озмоиш карда буд. Ба гуфтаи мақомот, имрӯз мушакҳои дурбурд озмоиш мешавад, ки бурдашон ба 2 000 километр мерасад. Генерал Ҳуссейн С аломӣ гуфт, машқҳо нишон медиҳад, ки Эрон барои дафъи ҳар гуна хатари низомӣ омодагӣ мегирад.
XS
SM
MD
LG