Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии ҳизби Ангела Меркел дар интихоботи Олмон


Бино бар натоиҷи интихоботи Олмон, Ангела Меркел мақоми садри аъзамро ҳифз кард. Натиҷаҳои муқаддамотӣ нишон медиҳад, ки ҳизби демократҳои масеҳии хонум Меркел 34 дарсад ва рақиби аслиаш - ҳизби сотсиал-демократ 23 дарсади ороро ба даст овардаанд. Ин бадтарин дастоварди интихоботӣ барио ҳизби сотсиал-демократ аз замони ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ маҳсуб шуда, ин ҳизб баъди 11 соли узвият дар кобинаи вазирони Олмон акнун дар мухолифат бо давлати Меркел қарор мегирад. Ангела Меркел дар паёме ба ҷонибдоронаш гуфт, умедвор аст, ки садри аъзами ҳамаи шаҳрвандони кишвараш бошад ва дар солҳои фаъолияташ Аврупоро барои раҳоӣ аз бӯҳрон раҳнамоӣ кунад: "Иҷоза диҳед ман ба онҳое низ бигӯям ва албатта ин таҳдид нест, зеро ман медонам, ки ҷонибдорон чӣ қадар муҳиманд..., аз ҳар ҷонибдор ман хоҳам пурсид, ки таҳаммулро аз ёд набарад. Дар мақоми садри аъзам ман саъй хоҳам кард, ки садри аъзами теъдоди ҳаддалимкон ҳарчӣ бештари олмониҳо бошам. Ин хости ман аст".

Раҳбарони Амрикову Фаронсаву Британия Ангела Меркелро бо пирӯзиаш табрик гуфтанд.
XS
SM
MD
LG