Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исмоилхон таҳдид кард, ки аз мақом истеъфо медиҳад


Исмоилхон-вазири энержии Афғонистон таҳдид кардааст, ки баъд аз инфиҷоре, ки барои куштанаш анҷом гирифтааст, аз мақоми худ истеъфо хоҳад дод. Дар ин инфиҷор Исмоилхон осеб надидааст, вале дастикам 4 нафар кушта, 17 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Инфиҷор дар роҳи байни фурудгоҳ ва шаҳри Ҳирот рух додааст. Сухангӯи Толибон масъулияти ин инфиҷорро бар ӯҳда гирифтааст ва гуфтааст, Исмоилхон ҳадафи аслии онҳо будааст. Исмоилхон замоне волии нируманди вилояти Ҳирот буд. Исмоилхон аз ҳукумат хост, ки барои таъмини сулҳу амният дар кишвар стротегияи дақиқ дошта бошад.
XS
SM
MD
LG