Пайвандҳои дастрасӣ

Дар инфиҷори Ҳирот 5 нафар кушта шуданд


Дар шаҳри Ҳироти Афғонистон дар инфиҷоре 5 нафар кушта, 16 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ин инфиҷор бар зидди Исмоилхон-вазири энержии Афғонистон тарҳрезӣ шуда буд. Рауф Аҳмадӣ-сухангӯи пулис гуфт, Исмоилхон ва ҳайати ҳамроҳонаш дар ин инфиҷор осеб надидаанд. Инфиҷор дар роҳи байни фурудгоҳ ва шаҳри Ҳирот рух додааст. Сухангӯи Толибон масъулияти ин инфиҷорро бар ӯҳда гирифтааст ва гуфтааст, Исмоилхон ҳадафи аслии онҳо будааст. Исмоилхон замоне волии нируманди вилояти Ҳирот буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG