Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон мушакҳои кӯтоҳбурди худро озмоиш дод


Дирӯз Эрон дар ҷараёни машқҳои низомии нируҳои Сипоҳи подорони инқилоб мушаки кӯтоҳбурди худро бо муваффақият озмоиш дод. Генерал Ҳуссейн Саломӣ-фармондеҳи нируҳои ҳавоии Сипоҳи подорони инқилоб гуфт, бори аввал Эрон сакуи кобили истифодаи мукаррари партоби мушакро озмоиш кардааст. Телевизиони англисизабони Пресс-ТВ саҳнаҳоеро дастикам аз партоби ҳамзамони ду мушак дар биёбоне дар қисмати марказии Эрон намоиш дод. Дар порае аз навор садои мардон ба гӯш мерасид, ки ҳангоми партоби мушак садои "Оллоҳу Акбар" сар медоданд. Ин машқҳо замоне анҷом мегирад, ки ду рӯзи пеш Амрико ва муттаҳидонаш дарак ёфтанд, ки Эрон дар ҳоли сохтани як корхонаи махфии ғанисозии уран будааст. Амрико ба Эрон ҳушдор додааст, ки ин кишвар бояд муассисоти ҳастаии худро барои бозрасии байналмиллалӣ боз гузорад.
XS
SM
MD
LG