Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Регар-ТадАЗ" барандаи ҷоми раиси КФО


Дирӯз дар варзишгоҳи Металлурги шаҳри Турсунзода дастаи футболи "Регар-ТадАЗ" дар бозии ниҳоӣ барои дарёфти ҷоми раиси конфедератсияи футболи Осиё бар дастаи "Дордой-Динамо"-и Қирғизистон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Ин ду даста қаҳрамонҳои футболи кишварҳои худ ба шумор мераванд. Тӯби аввалро ба дастаи "Дордой -Динамо" дар дақиқаи 7-ӯм Иброҳим Рабимов ва тӯби дуввумро дар дақиқаи 55-ӯм Хуршед Маҳмудов заданд. Дастаи "Регар-ТадАЗ" барандаи ҷом ва соҳиби 50 000 доллар шуд. Дар даври гузашта, яъне дар даври ниманиҳоӣ дар муборизаи шадид дастаи "Регар-ТадАЗ" бар дастаи "ВАПДА"-и Покистон бо ҳисоби 4:3 пирӯзӣ ба даст овард ва бад-ин тартиб беҳтарин дастаи футболи Осиё дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG