Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Таваҷҷӯҳ"-и Узбакистон ба гурӯҳҳои зистмуҳитӣ


Ҷолибтарин ҷанбаи интихоботи порлумонии Узбакистон ихтисоси курсиҳои хос барои намояндагони ҳаракати зистмуҳитӣ дар ин кишвар аст

Тибқи ислоҳоте, ки ба қонуни интихоботи Узбакистон ворид шудааст, танҳо аҳзоби сиёсӣ ҳаққи муариффии номзадро хоҳанд дошт ва ҳам ин ки 15 курсӣ дар порлумон ба намояндагони ҳаракати ҳифзи муҳити зист тааллуқ хоҳад гирифт.

Порлумони Узбакистон то кунун 120 курсӣ дошт, вале тибқи ислоҳоти қонуни нав шумори курсиҳои маҷлис то 150 афзоиш ёфтааст.

Имтиёз додан ба созмонҳои экологӣ тавассути ворид намудани ҳаркат ба порлумон аз сӯи ҳукумати Узбакистон ба чанд далел дар Тоҷикистон ҷалби таваҷҷӯҳ мекунад.

Аммо қабл аз ҳама ба ин далел, ки маҳз созмонҳои экологии Узбакистон дар пешопеши ҳаракати мухолифат ба сохтмони ниругоҳҳои Тоҷикистон қарор доштаанд. Ва ахиран ба думболи садама дар ниругоҳи Саяну Шушински Сибир матолиби зиёде аз сӯи масъулини ин созмонҳо дар мавриди эҳтимоли канда шудани сарбандҳои Тоҷикистон ва хатаре, ки ба гуфтаи онҳо, сохтмони сарбандҳои нав дар пай дорад, мунташир шуд.

Ва ба ин далел аз таҳлилгарони тоҷик чунин иқдоми Узбакистонро иқдоме сиёсӣ унвон мекунанд, то ин ки таваҷҷӯҳ ба муҳити зист. Таҳлилгарон мегӯянд, ба ин тартиб Узбакистон мехоҳад. бо як тир ду нишон бизанад.

Яке ин ки дар баҳсҳои пуршиддати обӣ мавҷи мухолифат ба сохтмони обанборҳоро тақвият бахшад. Ва аз сӯи дигар ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва хоса Ғарб нишон диҳад, ки низоми ҳокими Узбакистон ҷонибдори ҳаракати экологӣ ва ҳузури ҳизбҳои мухталиф дар порлумон аст.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ҳеҷ гунна ташкилоти мустақили экологӣ нестанд, инҳо ҳаа сиёсати худи ҳукумати Узбакистонро ифода мекунанд, зеро дар Узбакистон касе бе иҷоза, ба истилоҳ, "нафас кашида наметавонад."

Аммо ин дар ҳолест, ки бархе таҳлилгарони дигар ва хоса муҳофизони муҳит дар Тоҷикистон чунин иқдомеро як амри маъмулӣ медонанд ва мегӯянд, набояд аз баҳсҳои экологӣ ҳарос дошт ва аз онҳо канорагирӣ кард. Балки бояд барои посух гуфтан ба ҳамаи суол ва чолишҳое, ки пеш меояд бояд омода буд.

Темур Идрисов, аз фаъолони ҳаракати зистмуҳитии Тоҷикистон ва раиси ташкилоти экологии «Замини хурд» мегӯяд, "бисёр муҳим аст, ки гуфтугӯҳоямон идома пайдо кунанд ва фарҳанги шунидани назари якдигар ва ҳамкориро ба даст биорем. Зеро бисёре аз мушкилоти зистмуҳитӣ дар Осиёи марказӣ хусусияти фаромиллӣ доранд ва Узбакистон ё Тоҷикистон дар танҳоӣ ин мушкилотро ҳал карда метавонад. Бинобар ин ҳар иқдоме, ки он ҷо ба танҳоӣ сурат мегирад дар ҳаллӣ масъалаҳо муассир нахоҳад буд, то ин ки бо ҳама ҳамкорӣ накарда бошанд."

Дар воқеъ дар Тоҷикистон низ созмонҳои зиёди экологӣ вуҷуд доранд,агарчанд то кунун ҳизби сиёсии бо чунин ҷаҳонбиние ба майдон намомадааст. Вале оё имкони рӯ ба сиёсат овардани ҳаркатҳои экологӣ дар Тоҷикистон низ имкон дорад?

Темур Идрисов аз фаъолони ҳифзи муҳити зист мегӯяд, "ин масъала пеш аз ҳама ба худи масъулони созмонҳои экологӣ бармегардад. Вале ҳади ақал мо шоҳиди чунин чизе дар Тоҷикистон нестем. Ин ҳол чанд далел метавонад дошта бошад, яке ин ки шояд фаъолони муҳити зист имконоти худ барои вориди сиёсат шуданро заъиф мебинанд ва ё ҳам феълан чунин рағбате дар онҳо пайдо нашудааст».

Вале, мегӯянд, таҳлилгарон, дар сиёсат саҳим шудани фаъолони ҳифзи муҳити зист, имкон медиҳад, ки бисёр масъалаҳои зистмуҳитӣ ҳалли худро зудтар пайдо кунанд ва аз сӯи дигар фарҳанги муносибат ба муҳит низ беҳбуд хоҳад ёфт.

Аммо то он вақт шоҳид хоҳем буд, ки вакилони ҳофизи муҳити зисти Узбакистон чӣ иқдоме хоҳанд кард? Ва бархе ҳам мегӯянд, шояд ин иқдоми Узбакистон мақомоти Тоҷикистонро низ дар таваҷҷӯҳи бештар зоҳир кардан ба ҳалли масъалаҳои зистмуҳитӣ ангеза бидиҳад.
XS
SM
MD
LG