Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ду узбаки Гуантанамо вориди Ирлонд шуданд


Ду шаҳрванди Узбакистон пас аз раҳоӣ аз маҳбаси Гуантанамо вориди Ирлонд шуданд. Вазири адлияи Ирлонд, Дермот Аҳерн аз матбуот дархост кард, ба ин ду нафар, ки яке аз онҳо Ойбек Ҷабборови 31-сола мебошад, имкони хилвати хусусӣ дода шавад. Ҳарду маҳбуси собиқ дар соли 2001 дар Афғонистон боздошт шуда, дар соли 2002 ба Гуантанамо интиқол ёфтаанд. Вазорати адлияи Амрико мегӯяд, то ҳол 17 маҳбуси собиқ дар кишварҳои савум пазируфта шуданд. Президенти Амрико, Барак Обама хостори баста шудани ин маҳбас аст, вале мақомоти марбута мегӯянд, шумон аст, ин кор дар мӯҳлати таъиншуда ба иҷро расад.
XS
SM
MD
LG