Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Занозании дастаҷамъона дар Байтулмуқаддас


Полиси Исроил барои қатъи як занозании дастҷамъонаи яҳудиёну мусулмонон дар маҳалли маҳзабии маркази Байтулмуқаддас аз таркишҳои тарсонанда истифода кард. Моҷаро дар маҳалле, ки яҳудиён онро кӯҳи обида ва мусулмонон ҳарам-ул-шариф меноманд, дар ҳоле сар шуд, ки 150 фаластинӣ намозгузорони яҳудиро зери сангборон гирифтанд. Яҳудиён ба ин ҷо ба муносибати иди Йом Киппур ва ё Рӯзи омурзиш, муқаддастарин рӯз дар тақвими яҳудия барои намозгузорӣ омада буданд. Ин маҳал, ки дар ҷанги шашрӯзаи соли 1967 ба тасарруфи Исроил даромад, яке аз марказҳои хушунати байни яҳудиёну арабҳо ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG