Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷоми раиси КФО ҷовидона дар Тоҷикистон мемонад


Қаҳрамони Тоҷикистон, дастаи "Регар" ТадАЗ пас аз пирӯзӣ бар қаҳрамони Қирғизистон дастаи «Дордой-Динамо» бо ҳисоби 2:0 саввумин бор соҳиби Ҷоми раиси КФО гардид. Голҳоро дар ин бозӣ нимҳимоятгари "Регар" Иброҳим Рабимов дар дақиқаи ҳафтум ва капитани "Регар" ТадАЗ Хуршед Маҳмудов дар дақиқаи 55-ум заданд. Маҳмудов ҳамчунин беҳтарин бозигари ин сабқат эълон шуд. Бо ҳамин Ҷоми раиси Конфедерсюни футболи Осиё барои ҳамеша дар Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд, зеро ба моли дастае табдил меёбад, ки се бор пайиҳам онро буридааст. Ин ҷом ҳамчунин 50 ҳазор доллар ҷоизаи пулӣ низ дорад.
XS
SM
MD
LG