Пайвандҳои дастрасӣ

Имкони интиқоли маҳбусони тоҷик аз Русия ба ватан


Думаи давлатии Русия Қатъномаи интиқоли маҳкумшудагони Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъро ба тасвиб расонд. Акнун шаҳрвандони кишварҳои узв, ки дар маҳбасҳои Русия ба сар мебаранд, метавонанд, барои дар ватани худ ба поён бурдани мӯҳлати ҷазо ариза диҳанд. Ба гуфтаи ноиби вазири адлияи Русия, Дмитрий Костенников, ҳоло дар зиндонҳои Федерасюни Русия, 19 000 шаҳрвандони узви созишнома ба сар мебаранд. Ба гуфтаи манобеи гуногун аз 5 то 7 ҳазор нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистонанд. Русия Қатъномаи интиқоли маҳкумшудагонро, ки соли 1998 омода гашта буд, имзо накарда, то ҳол бо бархе аз кишварҳои шӯравии собиқ қарордоди дуҷониба дошт. Чунин қарордод бо Тоҷикистон мавҷуд набуд. Даҳҳо нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, аз маҳбасҳои Русия паём медоданд, ки мехоҳанд, мӯҳлати ҷазоро дар ватани худ ба поён баранд.
XS
SM
MD
LG