Пайвандҳои дастрасӣ

"Регар" ТадАЗ пас аз пирӯзӣ бар қаҳрамони Қирғизистон (2:0) барои саввумин бор соҳиби Ҷоми раиси КФО гардид.

Пас аз анҷоми бозӣ ба "Регар" ТадАЗ Ҷом ва медалҳои тилло супурда шуд. Хуршед Маҳмудов, капитани қаҳрамони Тоҷикистон беҳтарин бозигари ин сабқат ҳисобида шуд. Капитани "Регар" ТадАЗ Хуршед Маҳмудов дар дақиқаи 55-ум голи дуввуми ин бозиро вориди дарвозаи рақиб кардааст.

Қаҳрамони бозии нимниҳоӣ бо ВАПДА Маъруф Рустамов дар дақиқаи 64-ум дар бозӣ Бахтиёр Ҳасановро иваз намуд.

Ин бозӣ бо як гол ба дарвозаи қирғизҳо оғоз шуд. Голро дар дақиқаи 7-уми бозӣ дар ҷараёни яке аз ҳамлаҳои нахустини сафедпӯшони «Регар» ТадАЗ нимҳимоятгари қаҳрамони Тоҷикистон, бозигари рақами 7, Иброҳим Рабимов бо зарбаи сахт пас аз партоби Даврон Эргашев, вориди дарвозаи меҳмонон намуд.

Барои нахустин бор дар таърихи футболи кишвар Тоҷикистон мизбони марҳилаи ниҳоии як сабқати байнулмилалист.

Дар бозиҳои нимниҳоӣ, рӯзи 25-уми сентябр, «Регар» ТадАЗ бар ВАПДА бо ҳисоби 4:3 ва «Дордой-Динамо» бар «Ишқобод» бо ҳисоби 2:1 ғолиб омада буданд.

Дар бозии ниҳоӣ, ки феълан дар варзишгоҳи «Металлург»-и Турсунзода ҷараён дорад, «Регар» ТадАЗ бо чунин ҳайъат ба майдон омадааст: Додов, Каримов, Эргашев, Рабимов, Эминов, Маҳмудов (К), Тухтасунов, Ҳ. Рустамов, Носиров, Ҳасанов (Маъруф Рустамов 64), Ҷабборов (Исмоилов 86)

Ёдовар мешавам, ҳар дуи ин дастаҳо ин Ҷомро ду борӣ соҳиб шудаанд ва ғолиби имрӯз Ҷомро барои абад соҳиб хоҳад шуд.

Он-лайни ин бозӣ бо талошҳои шореҳи маъруфи варзиш Нарзуллоҳи Латиф сурат гирифт.


Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG