Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъватҳои Ҳилларӣ Клинтон аз ҳукумати Тоҷикистон


Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида, Ҳилларӣ Клинтон аз Тоҷикистон даъват кард, барои баргузор кардани интихоботи озод ва одилона ба Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ҳамкории наздик ба роҳ монад. Вай интихоботи порлумонии моҳи феврали соли 2010-ро барои Тоҷикистон як маъракаи муҳими сиёсӣ номид. Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико, хонуми Клинтон инчунин ба он таваҷҷӯҳ кардааст, ки наздик ба 1 миллион нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷа, асосан Русия кор мекунанд. Вай аз раҳбарияти Тоҷикистон даъват кард, талошҳои рушди иқтисодии кишвари худро густариш диҳанд, то ин муҳоҷирон битавонанд, ба втаан баргарданд ва дар ин ҷо кору даромад пайдо кунанд. Вай инчунин ба афзоиши тавлиди ғизо дар Тоҷикистон даъват карда, ишора намудааст, ки рушди ин соҳа низ сабаби эҷоди шуғли бештар дар Тоҷикистон хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG