Пайвандҳои дастрасӣ

Таъини ҷой барои экологҳо дар порлумони Узбакистон


Дар Узбакистон маъракаи интихоботи порлумонии ин кишвар расман оғоз шудааст. Яке аз ҷолибтарин навигарии он барои бархе аз коршиносони тоҷик ихтисоси шумори муайяни курсиҳо дар порлумони нави Узбакистон барои ҷумбишҳои зистмуҳитӣ дар ин кишвар аст. Тибқи ислоҳоти қонуни интихоботи Узбакистон танҳо аҳзоби сиёсӣ ҳаққи муаррифии номзадҳоро хоҳанд дошт ва ҳам ин ки 15 курсӣ дар порлумони нав ба намояндагони ҳаракати ҳифзи муҳити зист тааллуқ хоҳад гирифт. Порлумони Узбакистон то кунун 120 курсӣ дошт, вале акнун шумораи ин курсиҳо ба садупанҷоҳ адад расидааст. Эҳтимол меравад, таваҷҷӯҳи махсус ба ҳомиёнми муҳити зист дар Узбакистон як иқдоми сиёсӣ бошад, барои мухолифати бештар ба тарҳҳои иншооти обу энержии Тоҷикистон ва Қирғизистон.
XS
SM
MD
LG