Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди поп аз муҷозоти дин дар давраи коммунистӣ


Попи Рум, Бенедикти 16 имрӯз дар сафараш ба Ҷумҳурии Чех аз муҷозоти шадиди зиддидинии давраи коммунистии ин кишварро интиқод кард. Вай аз мардуми чех, ки бахши аъзами онҳо лойиканд, даъват кард, дубора решаҳои насронии худро кашф кунанд. Шуморе аз зоирон дар арафаи дидори поп аз ин кишвар дар дувоздаҳ соли охир, ба Праг сафар карданд. Аммо аксари чехҳо ин сафарро номуносиб мешуморанд ва теъдоде аз онҳо ҳатто мухолифанд.
XS
SM
MD
LG