Пайвандҳои дастрасӣ

СММ: Август марговартарин моҳи сол дар Афғонистон


Созмони Милали Муттаҳид, августи гузашта ё давраи интихоботи президентии Афғонистонро марговартарин моҳи имсол барои аҳолии осоиштаи ин кишвар номидааст. Ба гузориши нави Созмони Милал дар ин бора гуфта мешавад, аз аввали сол то охири август дар Афғонистон 1500 шаҳрванди ғайринизомӣ кушта шудаанд, ки шумораи аз ҳама бештари онҳо ба август рост меояд. Ба гузориши Созмони Милал, дар сошли 2008 2100 сокини осоиштаи Афғонистон ва 77 сарбози хориҷӣ кушта шудаанд. Дар ҳамин санад гуфта мешавад, моҳи август барои нерӯҳои байнулмилалӣ низ марговартарин моҳ дар соли равон будааст.
XS
SM
MD
LG