Пайвандҳои дастрасӣ

Анҷумани аҳзоби сиёсии қораи Осиё


Дар Остона, пойтахти Қазоқистон, анҷумани аҳзоби сиёсии қораи Осиё нақши чунин иттиҳодияҳоро дар кӯмак ба ҳалли бӯҳрони иқтисодӣ, дифоъ аз ҷойгоҳи зан дар сиёсат ва парвариши насли нави сиёсатмадоронро баррасӣ кард. Дар ин ҳамоиш намояндагони даҳҳо ҳизби бонуфузи сиёсӣ аз давлатҳои Осиё ширкат ҷустанд. Аз Тоҷикистон вакилони Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби ҳокими халқию демократии Тоҷикистон дар он намояндагӣ карданд. Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Муҳиддини Кабирӣ яке аз сухангӯёни анҷуман буд
XS
SM
MD
LG