Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи панҷшанбеи 24-уми сентябр, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Шарифҷон Раҳимзода дар гуфтугӯи онлайни сомонаи "Озодӣ" ширкат кард ва дар поёни он чунин изҳор дошт.

Аввалан ман бисёр хурсандам, ки радиои "Озодӣ" ба ин масъала, яъне ташкили гуфтугӯҳои интернетӣ таваҷҷӯҳ кардааст.

Дуввум, сатҳи ҳамаи он саволҳое, ки ворид шудаанд, сатҳи хуб аст, чунки 90 фоизи саволҳо "мутахассисона" буданд. Хуб, агар ин саволҳоро мутахассисон надода бошанд ҳам, онҳое додаанд, ки аз иқтисодиёт, бозор ва бонкорӣ бохабаранд. Саволҳо дуруст тартиб ёфта, мазмуни дуруст доштанд.

Ин ҳам биёср зарур буд, ки мардум аз фаъолияти мо, аз кори мо бохабар бошанд. Албатта, то сатҳи мумкин. Мо наметавонем, ҳамаи масъалаҳоро бигӯем, масъалаҳое ҳаст, ки агар мо бигӯем, метавонад ба иқтисодиёт, қурби пули миллӣ, нархҳо ва ғайра таъсир манфӣ расонад.

Вале дар он сатҳе, ки метавонем, мо шаффофияти кори худро таъмин мекунем ва ин сӯҳбат як воситаи робита бо мардум ё ҳисоботдиҳӣ дар назди мардум буд, ки мо имрӯз додем. Ва мардум, хонандагони сомонаи интернетии радиои "Озодӣ" аз кору фаъолияти мо ва самтҳои ояндаи он бохабар шуданд, ки ин барои мо бисёр хуб аст.

Аз "Озодӣ": Мо аз ҷониби хеш ва ҳам тамоми хонандагон аз мӯҳтарам Шарифҷон Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон самимона сипосгузорем, ки вақти гаронбаҳои худро сарфи ин мулоқот кард ва ба ҳамаи пурсишҳо посухҳои ошкору рӯшан дод. Метавонед, ин саволу ҷавоби шавқангезро зери ин ҷумлаи сабз пайдо кунед.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG