Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама аз "пайроҳаи рӯёрӯӣ"-и Эрон ҳушдор дод


Раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, мегӯяд, Эрон агар барномаи ҳастаии худро "пок" накунад, ба пайроҳаи рӯёрӯӣ бо қудратҳои ҷаҳонӣ пой хоҳад ниҳод. Обама дар хотимаи нишасти сарони Бистгона ва дар ҳоле сӯҳбат мекард, ки Эрон гуфтааст, корхонаи нави ғанигардонии уранро бунёд намудааст. Раиси ҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод, гуфт, корхонаи нав мутобиқи муқаррароти Созмони Милал сохта шудааст. Обама гуфт, агар мулоқоти ҳафтаи ояндаи қудратҳои ҷаҳонӣ ва Эрон натиҷа надиҳад, бояд ба "таҳримҳои газанда" рӯ овард. Президенти Русия, Дмитрий Медведев гуфт, агар Эрон дар мулоқоти якуми октябр дар Женева ҳамкориро сар накунад, бо "шеваҳои дигар"-и бархӯрд ба барномаи ҳастаии Эрон рӯбарӯ хоҳад гашт.
XS
SM
MD
LG