Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи аввали додгоҳи Қодирову "Мемориал"


Рӯзи ҷумъа дар Маскав баррасии шикояти раиси ҷумҳурии Чеченистон Рамазон Қодиров аз болои “Мемориал”, як гурӯҳи ҳуқуқи башар шурӯъ шуд, ки ин созмонро дар тӯҳмат ва паст задани шаъну эътибораш муттаҳам мекунад. Раҳбари “Мемориал” Олег Орлов масъулияти куштори фаъоли ҳуқуқи инсон Наталя Эстемироваро дар тобистони имсол ба дӯши Қодиров вогузор кард. Ва имрӯз дар Маскав Олег Орлов дар баробари хабарнигорон гуфт:

“Ман собит мекардам, ки Рамазон Қодиров масъулияти сиёсии куштори Наташа Эстемироваро ба дӯш дорад. Ва баъди он ман хеле зиёд ва муфассал дар бораи масъулияти сиёсии ӯ гуфтам. Ман на фақат дар он бора гуфтам, ки вай ҳамчун як мақоми баландпоя дар Ҷумҳурии Чеченистон масъули ҳама масоил дар ин ҷумҳурӣ аст, балки ӯ амалан раҳбарии ниҳодҳои қудратии Ҷумҳурии Чеченистонро ба ӯҳда дорад”.

Дар додгоҳ аз ҷониби Рамазон Қодиров вакил Андрей Красненков намояндагӣ мекунад. Ӯ рӯзи ҷумъа гуфт, ки талаби онҳо рад кардани иттиҳомоти зидди Қодиров ва пардохти 10 миллион рубли хисороти маънавӣ мебошад:

”Додгоҳ пешниҳод кард, ки ба созише даст ёбем. Ман гуфтам, ки бале, мо омода ҳастем аз пардохти подоши пулиаш даст кашем, ба шарте, ки онҳо бо хости худ дар сомонаи интернетиашон аз суханҳои худ даст кашанд”.


Эстемирова рӯзи 15 июл дар назди манзилаш дар Чеченистон аз ҷониби афроди номуйян рабуда шуда рӯзи дигараш ҷасади тирхӯрдаи ӯ дар Ингушистон ошкор шуд. Ин ҳодиса маҳкумиятҳои шадиди ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла президенти Русия Дмитрий Медведевро ба бор овард. Вале то ҳол таҳқиқи ин ҳодиса то ҷое нарасидааст.
XS
SM
MD
LG